Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти гумонбар ба силсилаи қатлҳо дар Душанбе


Бино ба навиштаи хабаргузории “Азия Плюс”, дар Душанбе як нафарро бо иттиҳоми даст доштан дар силсилаи қатлҳои занони кӯҳансол боздошт кардаанд. Мирҳомиддин Муҳиддинови 38-сола дар қатли дастикам 4 пиразан дар 8 моҳи охир муттаҳам мешавад. Синну соли мақтулон аз 70 то 83-сола буда, мақомот мегӯянд, ки Муҳиддинов бо ғарази ба даст овардани дороии ин пиразанҳо даст ба қатли онҳо задааст.
Феълан таҳқиқи ин қазия идома дорад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG