Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз 100 000 камтар шудани нирӯҳои Амрико дар Ироқ


Низомиҳои Амрико мегӯянд, барои нахустин бор дар зарфи қариб 7 соли ҷанг шумори нирӯҳои амрикоӣ дар Ироқ камтар аз 100 000 нафар шудааст. Коҳиши шумори нирӯҳои Амрико дар як марҳалаи ҳассосе сурат мегирад, ки Вошингтон қобилияти Ироқ барои таъмини амният дар пешорӯи интихоботи парлумонии рӯзи 7 мартро зери суол бурдааст.
Элизабет Фест, сухангӯи артиши Амрико дар Бағдод гуфт, ки онҳо мехоҳанд 98 000 сарбози боқимондаро дар Ироқ то поёни интихобот нигоҳ бидоранд.
Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дастур додааст, ки то таърихи 31 август ба истиснои 50 000 сарбоз, боқӣ асокири Амрико аз Ироқ берун кашида шаванд.
XS
SM
MD
LG