Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи адои савганди Янукович таъйин шуд


Верховни Рада, парлумони Украина бо аксарияти оро 25 февралро ба ҳайси таърихи адои савганди раёсатҷумҳурии Виктор Янукович таъйин кард. Янукович барандаи даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳурӣ, ки рӯзи 7 феврал барпо шуд, эълон шудааст. Аммо рақиби ӯ- сарвазир Юлия Тимошенко ин пирӯзиро эътироф намекунад ва дирӯз шавоҳиди доштааш дар бораи тақаллуби натоиҷи интихоботро ба Додгоҳи олии маъмурӣ дар Киев супурд. Вакилони парлумон аз эътилофи Тимошенко дар раъйгирии дирӯза ширкат накарданд. Тимошенко ҳамчунин гуфта, ки аз мақоми сарвазирӣ низ истеъфо нахоҳад дод.
XS
SM
MD
LG