Пайвандҳои дастрасӣ

Дархости Юнон барои наҷоти иқтисодаш радд шуд


Дархости Юнон аз 16 кишвари узви минтақаи евро дар бораи таҳияи як барномаи наҷоти иқтисоди бӯҳронзадаи ин кишвар мисле ки ба як девор бархӯрд ва акси садое ба бор наовард. Вазирони молияи ин 16 кишвар дар нишасти Брюссел дархости Юнонро радд карданд ва баръакс ба Афина пешниҳод карданд, ки мустақилона дар фикри наҷоти иқтисодаш шавад.
Касри будҷаи Юнон ба 13 дарсад наздик шуда, қарзи кишвар 113 дарсад бештар аз ҳаҷми маҷмӯи даромади нохолиси миллиаш шудааст. Ва мушкилоти молии Юнон боиси эҷоди нобоварӣ ба вазъи умумии иқтисоди кишварҳои минтақаи евро шуда, ба ин далел қурби ин воҳиди пули Аврупо дар муқобили рақиби аслиаш – доллари амрикоӣ ба таври пайваста ва башиддат пойин меравад.
XS
SM
MD
LG