Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Додситон хабари боздошти писари Каррубиро рад кард


Додситони Теҳрон иддаоҳо дар мавриди боздошт шудани писари яке аз раҳбарони мухолифин Маҳдии Каррубиро радд кард. Аббос Ҷаъфарии Давлатободӣ гуфт, кадом дастури ҳабси Алии Каррубӣ содир нашуда ва пулис ҳам ӯро боздошт накардааст. Модари Алӣ - Фотима ахиран дар номаи саркушодае раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаиро ба он айбдор кард, ки ба хотири саркӯб кардани дигарандешон ба таъқибу боздошти мухолифин аз паси панҷа нигоҳ мекунад.
Фотима Каррубӣ навишт, ки фарзанди 37-солаи ӯро рӯзи панҷшанбеи гузашта, дар ҷараёни эътирозҳои дар солгарди 31-уми инқилоби исломӣ барпошуда латукӯб ва дастгир кардаанд.
XS
SM
MD
LG