Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши ҳаҷми тиҷорати хориҷии Тоҷикистон


Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар моҳи январ 266 миллион долларро ташкил дод, ки назар ба моҳи январи соли гузашта наздики 50 миллион доллар, ё тақрибан 15,7 дарсад камтар аст. Таносуби байни содирот ва воридоти Тоҷикистон низ ба андозаи қариб 70 миллион доллар манфӣ буда, ҳаҷми содирот – 98 миллион ва ҳаҷми воридот – 168 миллион долларро ташкил додааст.
Беш аз 70 дарсад аз ҷамъи тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар моҳи январ ҳамагӣ бо 6 кишвар – Чину Русия, Туркияву Қазоқистон ва Эрону Украина – сурат гирифтааст.
XS
SM
MD
LG