Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мокуи дипломатӣ рӯи барномаи ҳастаии Эрон


Эрон ба Туркия муроҷиат кард, то дар рӯёрӯӣ бо Ғарб миёнаравӣ кунад ва Исроил хостори пуштибонии Русияро аз тарҳи таҳримҳои нави зидди Эрон шудааст.

Вазири умури хориҷии Туркия, Аҳмад Довудоғлу бо даъвати мақомоти Эрон ба Теҳрон сафар кард. Эрон аз ҳамсояаш хостааст, ҷомеаи ҷаҳониро мутмаин гардонад, ки барномаи ҳастаии он ҳадафҳои осоишта дорад.
Мо мебинем, ки ҳукумати Эрон, раҳбари олӣ, президент ва парлумони он тағйир мебинанд ва Эрон ба самти як диктотурии низомӣ ҳаракат дорад...

Довудоғлу дар Теҳрон бо ҳамтои эронии худ, Манучеҳри Муттакӣ, раисиҷумҳур Маҳмуди Аҳмадинажод ва музокиракунандаи аршади ҳастаии Эрон, Саиди Ҷалилӣ мулоқот кард.

Туркия, яке аз аъзои НАТО, бо Эрон равобити ҳасана дорад. Анкара ба анбор кардани маводи ҳастаии Эрон ҳамчун бахше аз барномаи эҳтимолии табодулаи сӯхти ҳастаӣ, ки қудратҳои ҷаҳонӣ танзим кардаанд, ризоият додааст. Қудратҳои ғарбӣ ин тарҳи пешниҳодии Созмони Милали Муттаҳидро як роҳи ҷилавгирӣ аз ғанисозии таслиҳотии уран мешуморанд.

Аммо шиддат пиромуни барномаи ҳастаии Эрон ҳафтаи гузашта, замоне боло гирифт, ки Эрон эълон кард, ба тавлиди урани 20 дарсадғанишуда барои истифода дар реактори пажӯҳишҳои тиббии Теҳрон оғоз кардааст. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон, Ромини Меҳмонпараст мегӯяд, ин раванд таҳти назорати бозрасони Бунгоҳи байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ ҷараён дошта, ҳадафаш осоишта мебошад.

Рӯзи якшанбеи 14-уми феврал, сарвазири Туркия, Раҷаб Тайиб Эрдуғон гуфт, талошҳои чандмоҳаи Анкара ба дастёфти як мусолиҳа то ҳанӯз натиҷае надодаанд. Сафари Довудоғлу дар ҳоле ҷараён ёфт, ки Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида, Ҳилларӣ Клинтон барои эҷоди пуштибонӣ аз чаҳорумин бастаи таҳримҳои зидди Эрон вориди кишварҳои Харҷи Форс шудааст.

Дар гуфтугӯ бо донишҷӯён дар Қатар рӯзи душанбеи 15-уми феврал, Клинтон гуфт, Эрон ба самти як диктотурии низомӣ ҳаракат мекунад ва биноан минтақа далел дорад, ки аз барномаи ҳастаии Эрон биҳаросад: "Мо мебинем, ки ҳукумати Эрон, раҳбари олӣ, президент ва парлумони он тағйир мебинанд ва Эрон ба самти як диктотурии низомӣ ҳаракат дорад."

Вазири умури хориҷии Эрон, Манучеҳри Муттакӣ, дар як изҳорот посух дод, ки сиёсатҳои Иёлоти Муттаҳида дар Афғонистон, Ироқ ва Лубнон ва қатли афроди бегуноҳ "рамзҳои воқеии диктотурии низомиянд."

Дар Арабистони Саудӣ, Клинтон, дар гуфтушунид бо подшоҳи саудӣ Малик Абдуллоҳ гуфт, Теҳрон ҷомеаи ҷаҳониро дар ҳоле гузоштааст, ки илоҷе ба ҷуз аз эълони таҳримҳои нав надорад: "Ҳамраъйии байнулмилалӣ дар муносибат бо Эрон қатъиян муҳим аст. Мо дар матни равобити дуҷониба вориди тамосҳои фаъол бо шарикони минтақаӣ ва байнулмилалии худем, то чораҳои навро омода ва иҷро кунем, то битавонем, Эронро мӯътақид гардонем, ки аз роҳи худ баргардад."

Аз чап сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу ва ҳамтои руси ӯ Владимир Путин
Дар нишасти хабарии муштарак бо Клинтон, вазири умури хориҷии Саудия, шоҳзода Саид ал-Файсал гуфт: "Шоҳигарии саудӣ ба аҳамияти тазмини минтақаи орӣ аз силоҳи қатли ом ва махсусан ҳастаӣ будани Ховари Миёна ва Халиҷро таъкид мекунад. Ин меъёрҳо бояд ба ҳамаи кишварҳои минтақа, бидуни истисно, аз ҷумла барномаи ҳастаии Исроил, рабт гирад."

Дар ин байн сарвазири Исроил, Бенямин Нетаняҳу дар мулоқот бо сарони Русия хостори пуштибонии Маскав аз таҳримҳои нави зидди Эрон шуд. Русия бо Эрон равобити тӯлонӣ дорад ва дар бунёди нерӯгоҳи ҳастаии Бушер ба ҷумҳурии исломӣ кӯмак мекунад.

Русия яке аз панҷ узви доимии Шӯрои Амнияти Созмони Милал дар гузашта аз тарҳи таҳримҳои нави зидди Эрон ҳимоят накардааст, аммо дар ҳафтаҳои охир, аз мавзеъгирии қавитар дар ин масъала хабар додааст.
XS
SM
MD
LG