Пайвандҳои дастрасӣ

Сӯхтор дар бинои донишгоҳи амрикоӣ дар Бишкек


Оташсӯзӣ ба бинои донишгоҳи амрикоии Осиёи Марказӣ дар Бишкек зарари ҷиддӣ расондааст. Кормандони оташнишонӣ натавонистаанд оташро хомӯш кунанд, то замоне, ки забонаи он қисмати бештари бинои донишгоҳ, ба вижа китобхонаро нобуд кардааст. Коршиносони оташнишонӣ мегӯянд, ки оташ ё аз сигори хомӯшнашуда ва ё аз симҳои интиқоли барқ сар задааст. Донишгоҳи амрикоии Осиёи Марказиро бунёди миллиардери амрикоӣ Ҷорҷ Сорос таъсиси додааст ва аз донишгоҳҳои муътабари Осиёи Марказӣ ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG