Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Аҳмадинaжод: Музокироти сӯхти ҳастаӣ идома дорад


Имрӯз Маҳмуди Аҳмадинaжод-раиси ҷумҳури Эрон гуфт, ки музокирот роҷеъ ба пешниҳод дар бораи моддаи ҷойгузини сӯхти ҳастаӣ то ҳол идома дорад. Вай зимни суханони худ дар як конфронси телевизионӣ гуфт, Эрон омода аст, "сӯхти ҳастаӣ"-ро ҳатто бо Амрико иваз кунад, то замоне, ки интиқоли он ҳамзамон сурат бигирад. Дастури ҳафтаи гузаштаи Маҳмуди Аҳмадинежод дар бораи оғози ғанисозии уран дар сатҳи болотаре боис шудааст, ки аз Шӯрои Амнияти СММ бар зидди Эрон хостори таҳримҳои нав шаванд, то ин кишвар бо ғанисозии бештари уран дар оянда ба иҷоди аслиҳаи ҳастаӣ даст наёбад.
XS
SM
MD
LG