Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Достиев:Дар барпоии интихобот аз Русия кӯмак хостем


Имрӯз Абдулмаҷид Достиев-сафири Тоҷикистон дар Маскав гуфт, ки ҳукумати Тоҷикистон аз ҷониби Русия дархост кардааст, ки дар баргузории интихоботи порламонии Тоҷикистон дар миёни муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия кӯмак кунанд. Ҷаноби Достиев дар як сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ дар ин бора чунин гуфт:

"Мо имрӯз ба унвони раҳбарони тамоми вилоятҳо ва шаҳрҳову ҳавзаҳои федералии Русия аз номи сафир нома фиристодем ва аз онҳо хоҳиш кардем, ки ба шаҳрвандони мо дар гузаронидани чунин маъракаи сиёсӣ ёрӣ расонанд".

Абдулмаҷид Достиев-сафири Тоҷикистон дар Русия аз сӯи Кумисииюни марказии интихобот ва райдиҳии Тоҷикистон раиси кумиссиюни ҳавзаи интихобтии Русия таъйин шудааст. Мусоҳибаи ихтисосии радиои Озодӣ бо сафири Тоҷикистон дар Русияро рӯзҳои шанбеву якшанбе ва субҳи рӯзи душанбе дар барномаи "Садои Ҳамватан" метавонед бишнавед.
XS
SM
MD
LG