Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамаи мо аз ҷинси одамем. Моро Худо ҳамин хел халқ кардааст. Ва ба ҳамин ҳукм кардааст. Яъне, ба ин махлуқе, ки бо ду по рост мегардаду, дар болои гардани қоқаш калла гуфтани як чизи кулулае шинонда шудааст, одам ном ниҳода шавад.

Ҳарчанд Ҳазрати Саъдӣ мефармоянд, ки «Эй, ки мапиндор, ин ҳама одаманд, 50 балки 60 фоизаш» ё ба қавли ҳамон шайх - «Бештараш гову хари бедуманд»- ба фикри ман шайхи мўҳтарам беҳуда гову харро хафа мекунанд. Онҳо гуноҳ надоранд ва аз нуқтаи қонун дар чунин ҳолат махлуқони таҳқиршуда ҳисоб меёбанд. Аз он номаъқулиҳое, ки мо одамон мекунем, ҳангитарин хар - Гов мегардаду шохчанбартарин гов - Хар.

Ҳамсояам, профессор, бо чашмони аз ҳайрат калонкушода аз роҳи мошингард мегузашт. На мошинро медиду, на ҳақорати ронандаро мешунид.
- Ҳа, профессор, тинҷист? - пурсидам аз ў
- Намедонам, ин ба ҳисоби тинҷӣ медарояд ё нотинҷӣ, лекин ман худамро нохинҷор ҳис мекунам - парешонхотир ҷавоб дод профессор
- Чаро?
- Мефаҳмӣ, аз як студентам пурсидам, ки «ҳамин калларо Худо барои чӣ ба мо додааст?» Медонӣ, вай чӣ ҷавоб дод? «Шумо муйсафедонро намедонаму, лекин каллаи мо ҷавонон чор функсия дорад, мо ба воситаи он мехўрем, менўшем, нос мекашем ва дашном медиҳем, чунки дар он ҷо яъне дар танаи калла даҳон сохта шудааст»
- Тамом? - Савол додам ман
- Ҳа, чӣ, кам? - Ҷавоб дод донишҷў
- Охир... дар ҷавониамон муаллимҳоямон ба мо мегуфтанд, ки дар калла ба ғайр аз даҳон боз майна гуфтани моддаи хокистарранге ҳаст...
- Чунки муаллимони шумо компютер надоштанд ва ҳар гуна фикрҳои аблаҳонаро дар сарашон ҷой мекарданд.

Воқеан дар бораи компютер. Ман ба студентонам фармудам, ки дар мавзўи «Дўстиро ҷустуҷў дорем мо» иншои хонагӣ нависанд. Рўзи дигар иншои аввалине, ки кушодам чунин сарлавҳа дошт «Дуздиро ҷуз ту ҷўй дорем мо» Аз соҳиби иншо пурсидам, ки чаро ин тавр навиштӣ? - вай маҳмадоно ба ман мегўяд, ки:
- Якум. Компютери ман ҳарфи сеяш ногаҳон вайрон шуд. Ман ба ҷои он рақами 3 мондам. Чунки дар рақами се ҳам ҳарфи се ҳаст.
Дуюм. Ман дар чорчўбаи «дўстӣ» ёрии башардўстонаро дар назар дошта, дар бораи поруҳо... яъне дорўҳои башардўстона иншо навиштам ва хостам ба куҷо сарф шудани онро фаҳмида гирам. Лекин компютер ба шўр омад. Вай дар баробари шунидани калимаи башардўстона ба ҷои калимаи дўстӣ дуздӣ менавиштагӣ шуд. Ман ба тори сару паҳлўҳои компютер як ду-се мушт фаровардам. Лекин вай о... оча... она... ғ. умуман худи духтарони сабукпо барин ба ман бо экранаш чашмак зада, мегўяд, ки «агар боз ягон шапаллоқ занӣ, ман калимаи «башардўстона»-ро низ «башардуздона» менависам...
Ана акнун ёбу гир, ки кӣ ҳақу кӣ ноҳақ.

Профессор даме бо чашмони шишагин ба ман нигоҳ карду... шояд авзои маро дигаргун дида бошад, ки пурсид:
- Ба фикри ту, ҳамин ҳолати ман ба ҳисоби тинҷӣ медарояд ё нотинҷӣ?
- Росташро гўям... Намедонам...
- Воқеан ман дар куҷоям? Ту намедонӣ, хонаи ман дар кадом тарафи шаҳр буд?
- Ана инашро медонам. Мо ҳар ду ҳамсояем, профессор, ман ҳоло роҳи хонаамонро медонам. Чунки студент ё аниқтараш дон - иш-ш – ҷӯ! надорам. Биёед, тезтар биравем. Вагарна баъди ин нақли шумо, ман ҳам сари калобаамро гум мекунаму, ҳар ду дар ин бевақтӣ ба дашти Карбало афтодагӣ барин, дар Қараболо бесоҳиб мемонем.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG