Пайвандҳои дастрасӣ

Маскав таҳрими зидди Эронро истисно намедонад


Кохи Кремли Маскав гуфтааст, ки таҳрим бар зидди Эрон истисно нест, агар Эрон аз дархостҳои маҳофили байналмиллалӣ дар мавриди барномаҳои ҳастаиаш саркашӣ кунад. Сухангӯи Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия гуфтааст, ки Эрон бояд ҳамкории худро бо Ожонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаӣ беҳбуд бахшад, вагарна аз эҳтимол дур нест, ки дар ҳолати иҷро нашудани хостҳои байналмилалӣ Эрон дучори таҳрим шавад. Хонум Наталия Тимакова-сухангӯи раиси ҷумҳури Русия гуфт, Медведев мавзеъгирии Русияро дар қиболи барномаҳои ҳастаии Эрон дар мулоқот бо Бенямин Нетаняҳу-нахуствазири Исроил рӯзи душанбе дар музокироти Маскав рӯшан кардааст. Нахуствазири Исроил аз Медведев дархост кардааст, ки аз таҳримҳои сахт бар зидди Эрон ҷонибдорӣ кунад.
XS
SM
MD
LG