Пайвандҳои дастрасӣ

Шумо ҳақ доред, аз шаъну шарафи худ ҳимоят кунед (агар воқеан онро паст зада бошанд), аммо ҳақ надоред, "Миллат"-и Тоҷикистонро аз байн бубаред, "Азия Плюс"-ро аз ҳисоби рӯзномаҳо минус кунед, "Озодагон"- зиндонй кунед, гиёҳи шифобахши "Фараж"-ро аз беху бунаш барканед, "Нигоҳ"-ро кӯр кунед ва "Пайкон"-и Тоҷикистонро бишканед.

Он чанд шахси мансабдоре, ки ахиран ба додгоҳ аз болои ин рӯзномаҳо шикоят бурданд, дар воқеъ мебоист бо даъвои узрхоҳии нашрияҳо иктифо мекарданд, зеро танҳо узрхоҳии нафари "гунаҳкор", кофист, ки даъвогар эҳсоси обрӯ ва гузашта аз ин пирӯзӣ кунад. Аммо дархости панҷоҳу садҳо ҳазор доллар аз ин нашрияҳо, ҳар касеро, ки азв оқеъият андаке огоҳ аст ба шубҳаву гумон меандозад. Шубҳа аз ин ки мабодо ҳадаф аз ин садҳо ҳазор доллар нобудии "Миллат", минуси "Азия Плюс", зиндонӣ кардани "Озодагон", решакан кардани "Фараж", аз пеши чашми худ гум кардани "Нигоҳ" ва шикастани "Пайкон" набошад.

Шумо талош кардед ба таьбиратон аз шаъну шарафи худ, ҳимоят кунед, аммо ин шеваи ҳимояи шумо аз худ барои эътибори Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ баръакс воқеъ шуд. Ва ҳоло баёнияҳои созмонҳои байналмилалӣ мебинем, ки ба гӯши тамоми ҷаҳониён расонданд, ки дар Тоҷикистон ба матбуоти мустақил беинсофӣ мекунанд. Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, Гузоришгарони Бидуни Марз, Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон танҳо се созмонанд, ки барои чунин шеваи ҳимоят ба Тоҷикистон санги маломат задаанд. Ин созмонҳо бешак аз ҳоло ёддошт кардаанд, ки Тоҷикистонро аз назари озодии матбуот дар соли 2010 бояд чанд зина поёнтар билағжонанд ва бо ин шеваи ҳимоят аз шаъну шараф шумо намегузоред, то соли оянда мақомот бо “ифтихор” бигӯянд, ки Тоҷикистон аз назари озодии матбуот аз дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ боло меистад.

Натиҷаи дигар назарҳои манфӣ ба интихоботи порлумонии Тоҷикистон хоҳад буд, ки вуҷуди матбуоти мустақилу ошкоргӯ як рукни аслии он ба ҳисоб меравад. Нозирони хориҷӣ аз ҳамин ҳоло баҳона доранд, бигӯянд, ки интихоботи порлумонии Тоҷикистон шаффофу одилона набуд, зеро дар остонаи баргузории интихобот, чанд ниҳоди давлатӣ лаҷоми нашрияҳои мустақилро кашида ва ба даҳони матбуоти озод мӯҳр заданианд. Бидуни шак ин нукта аз ҳоло дар дафтари сиёҳи нозирони интихоботии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо навишта шудааст.

Шумо даъвогарони мӯҳтарам, бо ин шеваи худ, мақомоти олирутбаи Тоҷикистони азизро ҳам зимни сафарҳои хориҷӣ дар вазъи ноҳинҷор қарор медиҳед, чун онҳо бояд ба суоли ҷониби муқобил, доир ба "чй гуноҳ кардани он нашрияҳо" навъе ҷавоб диҳанд ва худрову шуморо “сафед” карда ва аз хиҷолат сурх шаванд.

Шумо бо ин шева сармоягузорони хориҷиро, ки иқтисоди Точикистон дар ҳасрати онҳо месӯзад, метарсонед. Чаро ки ҳар сармоягузори хориҷии пулдор пеш аз омадан ба кишваре мебинад, ки то куҷо дар онҷо адлу инсоф ҳасту он кишвар чӣ обрӯ дорад. Аммо бо ҷустӯҷуи исми Тоҷикистон дар “Гугл”- и маҳбубашон сели хабарҳои манфиро аз Тоҷикистон дида, “атои кишварро ба лиқояш” мебахшанд. Яъне ин шеваи ҳимоят аз шаъну шараф барои иқтисоди бӯҳрониву мардуми фақири Тоҷикистон бисёр гарон меафтад.

Ақалан ба ҳамон пиразанҳои бечораву дардманди рӯзномафурӯш раҳм кунед, зеро (Худо нокарда) дар сурати муфлис ва ё баста шудани рӯзномаҳо садҳо пиразани бечораву мӯҳтоҷ аз чанд сомонии боазоб меёфтаашон ҳам маҳрум мешаванд. Ва ин кор шуморо этибори шуморо дар назди онҳо боло намебарад.

Шумо бо ин шеваи ҳимоят идораҳои молиётро низ аз манобеъи ситонидани андоз ба нафъи давлат ва ё бознишастаҳои бечораи тоҷик маҳрум мекунед. Ҳамон нашриёти давлатии “Шарқ”-ро ҳам аз ду се манбаъи даромад маҳрум ва чанд тоҷири коғазфӯруши дигарро ҳам муфлис мекунед.

Шумо бо ин шева худ ва ҳамкорону ҳамсояву наздиконатонро, ки аз хондани ҳамон рӯзномаҳои "гунаҳкор" маҳрум мекунед. Онҳо ба шумо чӣ хоҳанд гуфт?

Ва ниҳоят ин шева боиси аз лиҳози маънавӣ камбизоат шудани мардуми фақири Тоҷикистон мешавад, чизе, ки онро худатон ҳам намехоҳед.

Ва акунун боз ҳам мехоҳед ба ин шева идома диҳед?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG