Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Аврупо барои лағви ҳукми эъдом дар Ироқ


Британия Фаронса ва Италия имрӯз аз Ироқ даъват карданд, ки муҷозоти эъдомро боздорад. Онҳо аз афзоиши шумораи муҷозоти эъдом дар ду соли ахир дар Ироқ изҳори нигаронӣ кардаанд. Аммо Ироқ ба Шӯрои ҳуқуқи башари СММ гуфтааст, ки муҷозоти эъдом "василаи тарсондан" будааст. Виҷдон Салим-вазири ҳуқуқи башари Ироқ гуфтааст, ҳукумати Ироқ саъй хоҳад кард, то шумораи эъдомҳо ба поинтарин сатҳ бирасад. Вале вай таъкид кардааст, ки муҷозоти эъдом аз миён нахоҳад рафт, зеро дар кишвар ҳанӯз аъмоли террористӣ вуҷуд дорад.
XS
SM
MD
LG