Пайвандҳои дастрасӣ

Марҳилаи ниҳоии Ҷоми даъвати Конфедеросиюни футболи Осиё-2010 дар пойтахти Шри-Ланка - шаҳри Коломбо 16-уми феврал бо бозии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Бангладеш оғоз ёфт.

Ин бозии сабқати гурӯҳи «А» дар варзишгоҳи «Сугатадаса» соати 15-у 30 дақиқа бо вақти Душанбе шурӯъ шуд.

Нимаи аввали бозӣ бо ҳисоби сифр бар сифр ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дуввуми худ 18-уми феврал бо дастаи Мянмар қувваозмоӣ мекунад.

Ба гурӯҳи «В» тимҳои мунтахаби Ҳиндустон, Кореяи Шимолӣ, Қирғизистон ва Туркманистон шомиланд.

Бар асоси низомномаи мусобиқот аз ҳар гурӯҳ ду даста ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд.

Барандаи Ҷоми даъвати AFC ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2011 роҳхат мегирад. Вале дар мавриди пирӯзии Ҳиндустон, дастае, ки ҷои дуввумро касб мекунад, соҳиби роҳхат ба мусобиқоти навбатии қаҳрамонии футболи Осиё хоҳад шуд.

ТАҚВИМИ БОЗИҲО

Даври 1-ум
16-уми феврал (сешанбе)
1. ТОҶИКИСТОН - Бангладеш, варзишгоҳи «Сугатадаса», 15:30
2. Мянмар - Шри-Ланка, «Сугатадаса», 18:30
17-уми феврал (чоршанбе)
3. Ҳиндустон - Қирғизистон, «Сугатадаса», 15:30
4. Кореяи Шимолӣ - Туркманистон, «Сугатадаса», 18:30

Даври 2-юм
18-уми феврал (панҷшанбе)
5. Бангладеш - Мянмар, «Сугатадаса», 18:30
6. Шри-Ланка - ТОҶИКИСТОН, «Сугатадаса», 15:30
19-уми феврал (ҷумъа)
7. Қириғизистон – Кореяи Шимолӣ, «Сугатадаса», 15:30
8. Туркманистон - Ҳиндустон, «Сугатадаса», 18:30

Даври 3-юм
20-уми феврал (шанбе)
9. ТОҶИКИСТОН - Мянмар, варзишгоҳи CR & FC, 14:30
10. Шри-Ланка - Бангладеш, «Сугатадаса», 14:30
21-уми феврал (якшанбе)
11. Ҳиндустон – Кореяи Шимолӣ, «Сугатадаса», 14:30
12. Туркманистон - Қирғизистон, CR & FC, 14:30

Бозиҳои ниманиҳоӣ
24-уми феврал (чоршанбе)
13. Ҷои 1 А – ҷои 2 В, «Сугатадаса», 15:00
14. Ҷои 1 В – ҷои 2 А «Сугатадаса», 18:30

27-уми феврал (шанбе)
Бозӣ барои ҷои 3-юм
15. Мағлубшудаи бозии 13 – Мағлубшудаи бозии 14, «Сугатадаса», 15:00

Бозии ниҳоӣ
16. Ғолиби бозии 13 – Ғолиби бозии 14, «Сугатадаса», 18:30

Эзоҳ: замони баргузории бозиҳо бо вақти Душанбе.
XS
SM
MD
LG