Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чехҳо пойтахти тоҷиконро бо об таъмин мекунанд


"Виктория Проект"-як ширкати чехӣ омода аст сокинони шаҳри Душанберо бо оби софи ошомиданӣ таъмин кунад. Ин ширкат аз рӯди кӯҳии Сиёма дар дараи Варзоб то шаҳри Душанбе лулаи об хоҳад кашид. Тибқи хабари матбуоти маҳаллӣ, дар ин бора ҷониби Тоҷикистон ва ҷониби ҷумҳурии Чех қарордод имзо кардаанд ва ҳоло ширкати чехӣ дар ҷустуҷӯи сармоягузор аст, то корро оғоз кунад. Дар ояндаи наздик, намояндагони ин ширкат ба Душанбе меоянд ва дар музокира бо шаҳрдории пойтахт арзиши ин тарҳро маълум мекунанд.
XS
SM
MD
LG