Пайвандҳои дастрасӣ

Қотили пирзанҳои танҳо дар Душанбе боздошт шудааст


Дар шаҳри Душанбе Мирҳомиддин Муҳиддинов шаҳрванди 38-солаи Тоҷикистон чун гумонбар ба силсилакушторҳои занони солманди танҳо боздошт шудааст. Вазорати дохилаи Тоҷикистон ба хабаргузории "Азия Плюс" гуфтааст, ки то ҳол 5 мавриди куштор таъйид шудааст ва он ба дасти боздоштшуда анҷом гирифтааст. Аз ҷумла ин манбаъ гуфтаст, 12-ӯми феврал ҷасади як пирзани 74-сола дар хонааш пайдо шудааст. Вазорати дохила гуфтааст, ки дар ҷараёни расидагӣ ба ин қазия рӯшан шудааст, ки қотил аз роҳи фиреб ба хонаи пирзан дохил шудааст ва вайро дамгир кардааст. Сипас телевизори LG-и пирзанро бо худ бурдааст. Вазорати дохилаи Тоҷикистон чанд ҳодисаи кушторро намуна овардааст, ки ба дасти ин шаҳрванд анҷом гирифтааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG