Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Раҳбари рақами 2-и Толибон боздошт шудааст


Мақомоти Амрико ва Покистон мегӯянд, ки яке аз фармондеҳони аршади Толибонро боздошт кардаанд. Рӯзномаи "Нию Йорк Таймс " мегӯяд, ки Мулло Абдулғанӣ Бародарро чанд рӯз пеш хадамоти кашфи Амрико ва Покистон боздошт кардаанд. "Нию Йорк Таймс" мегӯяд, ҳоло вай аз сӯи ин хадамот бозпурсӣ мешавад. Гуфта мешавад, ки Мулло Абдулғанӣ Бародар баъд аз Мулло Умар раҳбари рақами 2-и Толибон ба шумор меравад. Мақомоти Амрико ва Покистон бидуни бурдани номи худ ин хабарро таъйид кардаанд. Аммо сухангӯи Толибон ин хабарро рад кардааст ва гуфтаст, ки Мулло Бародар дар Афғонистон аст ва ба таври фаъол фаъолиятҳои низомӣ ва сиёсии Толибонро созмондиҳӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG