Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири умури хориҷаи Туркия аз Эрон боздид мекунад


Аҳмет Довутоғлу-вазири умури хориҷаи Туркия имрӯз аз Эрон боздид ва бо мақомоти эронӣ дар бораи ҳали зарбулаҷали барномаҳои ҳастаии Эрон гуфтугӯ мекунад. Эрон ва қудратҳои бузурги ҷаҳонӣ роҷеъ ба созиши пешниҳодии Амрико дар бораи ғанисозии урани Эрон дар хориҷ вориди бунбаст шудаанд. Бо чунин созиши пешниҳодӣ кишварҳои ғарбӣ мехоҳанд бовар ҳосил кунанд, ки Эрон дар оянда бо ғанисозии урани худ ба иҷоди аслиҳаи ҳастаӣ даст намеёбад.
XS
SM
MD
LG