Пайвандҳои дастрасӣ

Андрей Дригин, ягона намояндаи Тоҷикистон дар Бозиҳои XXI зимистонаи олимпӣ дар Ванкувери Канада, дар сабқати лижаронии кӯҳӣ, дар навъи фуруд аз нишебӣ, миёни 64 нафар дар ҷойи 59-ум қарор гирифт.

Дар ин навъи сабқат медали тиллои Олимпиадаро Дидйе Дефаго, лижарони швейтсарӣ, соҳиб шуд. Натиҷаи ӯ 1 дақиқаю 54,31 сония мебошад. Андрей Дригин нисбат ба ғолиби сабқат 13,45 сония дертар ба марра расид. Медали нуқра насиби Аксел Лунд Свиндал, аз Норвегия, гардид. Медали биринҷиро Боде Миллер, лижарони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ба даст овард.

Лижарони 32-сола Андрей Дригин, ки барои бори саввум дар Олимпиадаҳои зимистона Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад, боз дар се навъи рақобатҳо оид ба лижаронии кӯҳӣ ҳунарнамоӣ хоҳад кард. Ӯ рӯзи 19-уми феврал дар сабқати супергигант, 21-уми феврал дар сабқати слаломи бузург ва 27-уми феврал дар сабқати слалом ширкат меварзад.

Пас аз се рӯзи мусобиқот намояндагони 18 кишвар медалҳои олимпӣ ба даст овардаанд. Мунтахаби Швейтсария бо касби се медали тилло дар ҳисоби умумидастаӣ дар ҷойи аввал мебошад. Мунтахаби ИМА аз ҳама бештар – 8 медал ба даст овардааст ва дутои он тилло, 2-тоаш нуқра ва 4-тоаш биринҷист. Мунтахаби Фаронса бо чаҳор медал, ки аз ҷумла 2-тоаш медали тилло ва 2-тоаш биринҷист, дар ҷойи саввум қарор гирифтааст.

Дар маҷмӯъ, варзишгарони 10 кишвари олам медалҳои тилло ба даст овардаанд. Ҳамчунин варзишгарони Олмон, Канада, Кореяи Ҷанубӣ, Нидерланд, Шветсия ва Словакия ба унвони қаҳрамони Олимпиадаи Ванкувер даст ёфтаанд. Аз собиқ кишварҳои шӯравӣ Эстония 1 медали нуқра ва Русия 1 медали биринҷӣ ба даст овардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG