Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даъватҳои нав ба таҳримоти ҷадид алайҳи Эрон


Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон Сипоҳи посдорони инқилобии исломии Эронро ба он айбдор кард, ки ин кишварро ба домани диктатураи низомӣ тела медиҳад. Хонум Клинтон пеш аз тарки Қатар ба қасди Саудия хостори таҳти таҳримоти нави СММ қарор додани Сипоҳ шуд. Дар пайи мулоқот бо Клинтон, вазири хориҷаи Арабистони Саудӣ гуфт, таҳримот шояд кор диҳад, вале ҳамсояҳои Эрон дар халиҷи Форс ҳалли зудтари масъаларо мехоҳанд. Аммо Сауд Файсал нагуфт, ки манзураш аз ин ҳарфҳо чист.
Дар Маскав, сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу аз раисиҷумҳури Русия Дмитрий Медведев даъват кардааст, аз таҳримоти нав алайҳи Эрон “бо дандон” ҳимоят кунад.
XS
SM
MD
LG