Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар сониҳаи Ҳалл 18 нафар ҳалок шудаанд


Ҳалокати 18 нафар ва ҷароҳат бардоштани 55 тани дигар дар садамаи дирӯзаи қаторҳои роҳи оҳан дар наздикии Брюссел таъйид шудааст. Ду қатори роҳи оҳан дар шароити барфборӣ дар атрофи Ҳалл, 15-километрии ҷанубуғарби пойтахти Белгия ба ҳам бархӯрданд.
Сарвазири Белгия Ив Летерме ба ин далел билофосила дар пайи нишастани ҳавопаймояш дар пойтахти Косово, шаҳри Приштина, ақиб гаштааст. Сониҳаи он ду қатор боиси тавқифи ҳаракати чандин қаторҳои босуръат миёни Брюссел ва шаҳрҳои Фаронсаву Олмон ва Ҳолланд шуд.
XS
SM
MD
LG