Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавоҳироти духтари шаҳрдори Киевро рабуданд


Дуздон сумкаи дастии Кристина Черноветская, духтари шаҳрдори Киев, пойтахти Украинаро бо ҷавоҳироти гаронбаҳое, ки арзишаш 4,5 миллион евро, муодили беш аз 6 миллион доллар баровард мешавад, рабудаанд. Ин ҳодиса зимни сафари ӯ ба Порис, пойтахти Фаронса рух дод ва як марди савори мотосикл сумкаи Кристинаро аз дасташ рабуда, зуд ғайб задааст. Черноветская гуфт, ки дар сумкааш чандин гӯшвори ангуштарӣ ва дигар анвоъи ҷавоҳироти гаронбаҳо дошт.
XS
SM
MD
LG