Пайвандҳои дастрасӣ

Боздошти то 40 фаъоли лаҳистонӣ дар Беларус


Ҳудуди 40 узви як гурӯҳи манъшудаи лаҳистониҳои муқими Беларус дар роҳ ба сӯи додгоҳе, ки бояд сарнавишти маркази фарҳангии лаҳистониҳоро таъйин мекард, боздошт шудаанд. Пулис фаъолони Иттиҳоди лаҳистониҳоро дар майдони марказии Воложин, воқеъ дар тақрибан 75-километрии пойтахти Беларус, шаҳри Минск дастгир кардааст.
Раҳбари гурӯҳ Анжелика Борис гуфт, дар маҷмӯъ то 40 узви ин созмон боздошт шудаанд. Худи хонум Борис ба маблағи муодили 300 доллар ҷарима баста шуд, вале дастикам 5 узви гурӯҳ бо ҷурми ширкат дар раҳпаймоии ғайриқонунӣ ба мӯҳлати 5 рӯз ҳукми зиндон гирифтаанд.
Лаҳистон эълон кард, ки ироаи раводиди сафар барои масъулини ин боздоштҳоро радд хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG