Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешрафти амиқтари нирӯҳои НАТО дар Марҷа


Нирӯҳои амниятии таҳти фармони паймони низомии НАТО дирӯз дар самти Марҷа, як пойгоҳи умдаи Толибон дар вилояти Ҳилманд боз ҳам пештар рафтаанд. Ин дар ҳолест, ки амалиёти густарда алайҳи ҷангиёни толиб дар ин минтақа рӯзи шанбе оғоз ёфта, инак вориди рӯзи чорумаш шуд. Генерал Аминуллоҳ Патиёнӣ, як фармондеҳи аршади нирӯҳои афғонӣ дар “Амалиёти муштарак” гуфт, феълан тақрибан ҳамаи минтақа таҳти назорати нирӯҳои эътилоф даромадааст. Дар амалиёт алайҳи охирин пойгоҳи Толибон дар Ҳилманд 15 000 асокири ғарбиву афғон ширкат доранд ва бахши аъзами ин нирӯҳоро маллоҳони амрикоӣ ташкил медиҳанд.
XS
SM
MD
LG