Пайвандҳои дастрасӣ

Интиқоди Ғарб аз вазъи ҳуқуқи башар дар Эрон


Намояндагони чандин кишвари ғарбӣ дар бораи вазъи ҳуқуқи башари Эрон, бахусус дар пайи интихоботи ахири раёсати он ҷумҳурӣ, изҳори нигаронӣ карданд. Ин интиқодот дар нишасти Шӯрои ҳуқуқи башари СММ дар Женева садо дод. Ин ниҳод барои нахустин бор аз замони таъсисаш дар соли 2006 ба баррасии вазъи ҳуқуқи башар дар Эрон пардохтааст.
Амрико саркӯбии хушунатомези эътирозҳои зиддидавлатӣ дар Эронро маҳкум карда, хостори қатъи таъқиби хабарнигорону блогнависон ва бас кардани додгоҳҳои намоишӣ дар он кишвар шуд. Аммо раҳбари ҳайъати Эрон Муҳаммадҷаводи Лориҷонӣ дар Женева аз мавқеъи Теҳрон пуштибонӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG