Пайвандҳои дастрасӣ

Шубҳаи "Мемориал" ба иддаои мақомоти Русия


“Мемориал”, як гурӯҳи ҳомии ҳуқуқи башари Русия ин иддаои Маскавро, ки ҳалокати 4 ғайринизомӣ дар ҷараёни амалиёти ахири зидди чирикиҳо дар Қафқози шимолиро натиҷаи тирандозии тасодуфӣ меномад, таҳти шубҳа мегузорад. “Мемориал” дар гузоришаш бар пояи пурсиши шоҳидон мегӯяд, ки ин 4 нафарро рабуда, шиканҷа додаанд ва баъд куштаанд.
Намояндаи ин гурӯҳ Александр Черкасов гуфт, фаъолони маҳаллии ҳуқуқи башар аксҳое доранд, ки чандин захми тир ва захмҳои корд дар бадани кушташудагонро намоиш медиҳад.
Мақомоти Русия то ҳол ба ин гузориш вокунише нишон надодаанд. Маскав ахиран эълон кард, ки дар ҷараёни амалиёти густардаи алайҳи чирикиҳо дар Ингушистон дар баробари дастикам 20 ҷангӣ, 4 ғайринизомӣ низ тасодуфан кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG