Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҷлил аз солгарди хуруҷи Шӯравӣ аз Афғонистон


Дирӯз дар Душанбе, дар майдони назди муҷассамаи Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Александр Мироненко ба муносибати солгарди 21-уми хуруҷи нирӯҳои Артиши Шӯравӣ аз Афғонистон як гирдиҳамоии тантанавӣ баргузор шуд.
Дар ин ҳамоиш собиқадорони ҷанги Афғонистон ширкат карданд. Тайи 10 соли ҳузури нирӯҳои Шӯравӣ дар Афғонистон ҳудуди 15 000 нафар аз Тоҷикистон низ ба он ҷанг бурда шуданд. 366 нафар аз онҳо дар ҷанги Афғонистон кушта шуда ва наздики 1000 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. 5 нафар аз Тоҷикистон дар солҳои ҷанги Афғонистон ба унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ даст ёфтанд, ки Мироненко яке аз онҳост.
Хуруҷи нирӯҳои Шӯравӣ аз Афғонистон дар таърихи 15 феврали соли 1989 ба поён расид.
XS
SM
MD
LG