Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хатари тармарезӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд


Мақомоти вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯянд, як бахши тӯлонии шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд, танҳо масири иртибототӣ миёни марказ ва шимоли Тоҷикистон, таҳти хатари фурӯ рехтани тарма қарор дорад. Ба гуфтаи ин мақомот, дар рӯзҳои наздик гармтар шудани ҳаво дар назар аст ва дар чунин сурат, хатари рехтани тарма дар манотиқи кӯҳистонии ин шоҳроҳ бештар мешавад. Танҳо тайи чанд рӯзи охир дар минтақаи Майхӯраи шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд беш аз 10 тарма фаромадааст ва равуои нақлиёт тавассути ин минтақа ба ҳамин далел муттаваққиф шудааст.
XS
SM
MD
LG