Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми зиндон 4 нафар бо ҷурми ҳамкорӣ бо ҲИУ


Додгоҳи вилояти Суғд 4 сокини ноҳияи Исфараро бо ҷурми ҳамкорӣ бо Ҳаракати исломии Узбакистон ба мӯҳлати аз 8 то 30 сол маҳкум ба зиндон кард. Ин афрод, ки дар миёни онҳо як ноболиғ ҳам будааст, моҳи октябри соли гузашта боздошт шуданд. Вакили мудофеъи Насибуллоҳ Забирзод аммо гуфтааст, муваккили ӯ ноболиғ буда, танҳо коре ки анҷом додааст, таъмини амаки фирориаш бо маводи хӯрока буд.
Ӯ нахустин ноболиғ дар вилояти Суғд аст, ки бо ҷурми ҳамкорӣ бо ҲИУ равонаи зиндон мешавад.
XS
SM
MD
LG