Пайвандҳои дастрасӣ

Янукович баъд аз даҳ рӯз ба ифои вазифа мепардозад


Маросими савгандёдкунии раисиҷумҳури тозаинтихоби Украина Виктор Янукович рӯзи 25 феврал баргузор хоҳад шуд. Дар ин бора Анна Герман, муовини раиси Ҳизби минтақаҳо, хабар дод. Ӯ афзуд, ки Янукович бонкдори шинохта Сергей Тигипкоро ба мақоми сарвазирӣ пешбарӣ кардааст.
Дирӯз раиси Комиссиюни марказии интихоботи Украина Володимир Шаповал пирӯзии Янукович дар даври дуввуми интихоботи раёсатҷумҳуриро эълон кард. Дар ин маъракаи сиёсӣ, ки рӯзи 7 феврал баргузор шуд, Янукович назар ба рақибаш – сарвазири феълӣ Юлия Тимошенко қариб 3,5 дарсад орои бештар ба даст овард.
Юлия Тимошенко пирӯзии Виктор Янквочиро напазируфтааст. Ахиран ситоди интихоботии ӯ хабар дод, ки аз Додгоҳи олии маъмурии Украина лағви натоиҷи интихоботро талаб хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG