Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ғарб Эронро дар нақзи ҳуқуқи башар айбдор мекунад


Дар нишасти Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи башар дар Женева кишварҳои ғарбӣ Эронро ҳадафи интиқод қарор доданд. Намояндагони ИМА Теҳронро дар саркӯбсозии намоишҳои эътирозӣ баъд аз интихоботи раёсатҷумҳурии соли гузашта ва таъқиби хабарнигорон ва муаллифони торномаҳои интернетӣ айбдор карданд. Намояндагони Канада аз ҳукми эъдом алайҳи ноболиғон ва маҳбусони сиёсӣ дар Эрон ёд оварданд.
Муҳаммад Ҷавод Лориҷонӣ, раиси ҳайати Эрон дар ин нишаст, дар посух ба ин иттиҳомот гуфт, ки "баъд аз пирӯзии инқилоби исломӣ вазъи ҳуқуқи башар чун фишанги сиёсии фишор болои мо пайваста истифода мешавад. Аз ин роҳ бархе аз кишварҳои ғарбӣ ҳадафҳои пинҳонии сиёсии худро думбол мекунанд".
Охири ҳафтаи гузашта Ширин Ибодӣ, барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел, зимни сухаронӣ дар як нишасти Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи башар аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки фишорро болои Эрон, барои таъқиби мухолиф ва нақзи ҳуқуқи башар, афзоиш диҳад. Ҳамзамон Ширин Ибодӣ гуфта буд, ки ӯ мухолифи таҳримҳои нави иқтисодӣ алайҳи Эрон ва ҳамлаи низомӣ ба муассисаҳои ҳастаии кишвар аст.
XS
SM
MD
LG