Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, имрӯз боз ду нафар таблиғгари интихоботии ин ҳизб дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт аз сӯи мақомоти милиса боздошт ва давоми ду соат дар шӯъбаи корҳои дохилии ин ноҳия бозпурсӣ шудаанд.

Шамсиддини Саид, сухангӯи ситоди интихоботии ҲНИТ, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ бо таъйиди ин хабар гуфт, «мубаллиғони интихоботии Ҳизби наҳзати исломӣ соатҳои 16.00 дар хиёбони Айнӣ ҳангоми паҳнкунии барномаи таблиғотии ҲНИТ ва номзад Гулбарг Сайфова аз сӯи нозири минтақа лейтенанти калон Орипов дастгир ва ба шӯъбаи милисаи ноҳияи Шоҳмансур интиқол дода шуданд».

Афсари милисаи ноҳияи Шоҳмансур Хушвақт Шарипов сабаби боздоштшавии ду таблиғгари Ҳизби наҳзатро ба иттилои иштибоҳӣ дар бораи як гурӯҳи номаълум рабт додааст, ки ба гуфтаи ӯ, дар ин ноҳия ба паҳнсозии варақаҳои шубҳаангез машғул будаанд.

Шамсиддини Саид мегӯяд, мубаллиғони Ҳизби наҳзат баъд аз мудохилаи намояндаи ҳизб ва ситоди маркази интихоботии ҲНИТ баъд аз ду соати боздоштшавӣ аз шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур озод карда шудаанд.

Тайи рӯзҳои ахир ин бори дуввум аст, ки таблиғгарони интихоботии Ҳизби наҳзати исломӣ аз сӯи мақомот боздошт мешаванд. Қаблан панҷ тан аз мубаллиғони ин ҳизб дар шаҳри Кӯлоб аз сӯи нерӯҳои умури дохилӣ ҳангми мулоқот бо интихобкунандагон боздошт шуданд.

Масъулини шӯъбаи корҳои дохилии Кӯлоб гуфтаанд, ки онҳо таблиғгарони ҲНИТ-ро дар саҳни масҷиди шаҳр ҳангоми таблиғот боздошт кардаанд, ки ин хилофи қонун дар бораи интихобот аст.

Аммо намояндаи Ҳизби наҳзати исломӣ мегӯяд, ки онҳо тибқи Қонуни инихоботи Тоҷикистон ва мувофиқи барномаи мушаххаснамудаи Комиссиюни марказии интихобот барномаи ҳизби худро ташвиқ мекардаанд.

Дар пайи ин қазия Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо нашри як баёния аз иқдоми мақомоти давлатӣ интиқод кардааст ва хостааст, ки кормандони ниҳодҳои давлатие, ки монеи таблиғи номзадҳо мешаванд ва ваъдаи раисиҷумҳур дар бораи шаффофияти интихоботро таҳти суол мебаранд, муҷозот шаванд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG