Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи вилояти Суғд як гурӯҳи 4-нафарии мансуб ба Ҳаракати исломии Узбакистон, аз ҷумла як ҷавони ноболиғро аз 8 то 30-солӣ маҳкум ба зиндон кард.

Насибуллоҳ Забирзод, сокини ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара, зери синни 18 аз ҷониби додгоҳ барои ҳамкорӣ дар гурӯҳи ҲИУ дар Исфара гунаҳкор дониста шуд ва ба 8 соли ҳабс дар ҳабсхонаи тарбиявии дорои низоми умумӣ маҳкум гашт.

Ба гуфтаи Насим Эҳсонов, додраси додгоҳи вилояти Суғд, раиси мурофиаи парвандаи ин афрод, додгоҳ Насибуллоҳи Забирзодро барои он гунаҳкор ҳисобид, ки вай ба хешовандаш, ки ба ҳайси узви ҲИУ таҳти пайгарди мақмоти ҳифзи ҳуқуқ қарор дошт ва дар пинҳонгоҳи кӯҳистони маҳал панаҳ бурда буд, маводи озуқа дастрас мекард.

Аммо вакили мудофеъи Насибуллоҳи Забирзод - Фирӯза Раҳимова мегӯяд, зерҳимояаш узви ҲИУ будани амакашро надониста ва аз рӯи шафқати хешовандӣ ба ӯ кӯмак расонидааст, вале дар ягон амали ҷиноӣ бо аъзои гурӯҳи ҲИУ дар Исфара ҳамроҳӣ надоштааст.

Аз нигоҳи хонум Раҳимова, бо назардошти ин ва нав ба синни 18 қадам ниҳодани зерҳимояаш додгоҳ метавонист ҳукми ҳабсро бо ҷазои сабуктар иваз кунад.

Зимнан, ин барои бори нахуст як ҷавони ноболиғ дар вилояти Суғд аз ҷониби додгоҳ бо ҷурми ҳамкорӣ бо гурӯҳи ҲИУ ба зиндон фиристода шуд.

Ҳамчунин, додгоҳ 3 аъзои дигари ин гурӯҳ - Аҳмадов Абдуҷамилро ба 30 сол ва Аҳмадов Музаффар ва Қайюмов Абдураҳмонро ба 15 ва 17 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум кард.

Аз рӯи ҳукми додгоҳ ин нафарон баъди озодӣ дар муддати 5 сол ҳаққи ишғоли вазифаҳои диниро надоранд. Ба гуфтаи додгоҳ, онҳо аз соли 2005 ба ин сӯ дар гурӯҳи ҲИУ дар Исфара фаъолият доштаанд.

Боздошти маҳкумшудагон дар моҳи октябри соли гузаштаи 2009 аз ҷони кормандони интизомиву амниятии Суғд сурат гирифта буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG