Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози сохтмони хати интиқоли барқ ба Афғонистон


Мулоқоти ҳайати афғонистонӣ бо раисиҷумҳури Тоҷикистон
Мулоқоти ҳайати афғонистонӣ бо раисиҷумҳури Тоҷикистон

Муҳаммад Исмоилхон, вазири энержӣ ва оби Афғонистон ва Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, сохтмони хати интиқоли барқ ва роҳи оҳан ба Афғонистонро баррасӣ карданд.

Сайид Муҳаммади Хайрхоҳ, сафири Афғонистон дар Душанбе, ба радиои Озодӣ гуфт, рӯзи якшанбе сохтмони хати 220 киловолтии интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон бо ҳузури Муҳаммад Исмоилхон, вазири энержии Афғонистон ва Гул Шералӣ вазири энержӣ ва саноъати Тоҷикистон дар шимоли он кишвар шурӯъ шудааст. Ин хати интиқоли барқ тавассути ширкатҳои тоҷикӣ бунёд мешавад.

Ба гуфтаи сафири сафири Афғонистон дар Тоҷикистон, хати интиқоли барқ то тирамоҳи имсол бояд мавриди баҳрабардории комил қарор бигирад.

Шитоб бахшидан ба татбиқи тарҳи минтақаии мавсум ба КАСА–1000 аз мавзӯъҳои дигари меҳварии дидор ва мулоқотҳои вазири энержии Афғонистон бо мақомоти Тоҷикистон будааст. Тибқи ин тарҳ, сохтмони як хати баландшиддати барқи 500-киловолтӣ миёни Покистон, Афғонистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон дар назар аст.

Муҳаммад Исмоилхон гуфтааст, ки Афғонистон дар ҳоли ҳозир саргарми омӯзиши тарҳи сохтмони нерӯгоҳи Дашти ҷам дар рӯдхонаи Панҷ ва пайдо намудани сармоягузорон барои роҳандозии он аст. Нерӯгоҳи Дашти ҷам як тарҳи муштараки Тоҷикистон ва Афғонистон хоҳад буд.

Дар мулоқоти вазири нерӯи Афғонистон ва мақомоти зирабти Тоҷикистон масъалаи сохтмони роҳи оҳани миёни Тоҷикистон ва Афғонистон тавассути Панҷи поён–Шерхонбандар, сохтани чанд пули дигар бар фарози рӯдхонаи Панҷ ва инчунин авзои сиёсӣ ва иҷтимоии минтақа ва Афғонистон баррасӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG