Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон хостори таҳримҳои нав алайҳи Теҳрон мешавад


Ҳилларӣ Клинтон, вазири умури хориҷаи ИМА, имрӯз вориди Арабистон саудӣ хоҳад шуд. Интизор меравад, ки дар музокироти ӯ бо шоҳ Абдулло ва вазири умури хориҷаи ин кишвар Сауд Ал-Файсал мавзӯъи барномаи ҳастаии Эрон ҳам баррасӣ шавад. Интизор меравад, ки хонум Клинтон аз мақомоти Арабистони саудӣ хостори таҳримҳои нав алайҳи Теҳрон дар посух ба идомаи ғанисозии ураниум шавад.
Аз ин пеш, зимни суханронӣ дар шаҳри Доҳа, пойтахти Қатар, вазири умури хориҷаи ИМА аз Эрон даъват кард, ки тасмими “хатарбор”-и худ дар робита ба барномаи ҳастаиро бознигарӣ кунад. Хонум Клинтон изҳор намуд, ки Теҳрон ба ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба ҷуз посухи ҷиддӣ ба гомҳои “дасисаомезаш” интихоби дигаре боқӣ нагузоштааст.
XS
SM
MD
LG