Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати 12 толиб дар набарҳо барои Марҷа


Нерӯҳои эътилофи байнулмилалии таҳти фармони НАТО ва артиши Афғонистон ҳамлаи густарда ба мавқеъҳои ҷунбиши “Толибон” дар вилояти Ҳилмандро идома медиҳанд. Ба иттилои мақомоти маҳаллӣ, шаби гузашта дар набарҳо барои шаҳри Марҷа, такягоҳи асосии толибон, 12 тан аз мухолифини ҳукумат кушта шуданд.
Дирӯз ҳайати фармондеҳии Эътилофи байнулмиллалӣ барои ҳалокати мардуми осоишта аз зарбаи мушакӣ ба як манзил дар шаҳри Марҷа расман маъзарат хост. Бар асари ин зарба 12 узви як хонавода кушта шуданд. Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури Афғонистон, барои ин зарбаи иштибоҳ изҳори таассуф кард. Аз ин пеш ӯ хостори он шуда буд, ки зимни амалиёти низомӣ дар Ҳилманд аз ҳалокати мардуми осоишта ҷилавгирӣ шавад.
XS
SM
MD
LG