Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи рӯзҳои аввали Олимпиадаи Ванкувер


Дар шаҳри Ванкувери Канада Бозиҳои 21-уми зимистонаи олимпӣ бо ширкати 5,5 ҳазор варзишгари беш аз 80 кишвар ҷараён доранд.

Ба барномаи ин Бозиҳо, ки то 28-уми феврал идома хоҳанд кард, 15 навъи варзиш, монанди лижаронии кӯҳӣ, биатлон, бобслей, хоккей, рақси рӯи ях, конкитозӣ ва ғайра шомиланд. Ширкаткунандагони Олимпиадаи Ванкувер барои ба даст овардани 86 маҷмӯи медалҳо мубориза мебаранд.

Симон Аммани швейтсариягӣ аввалин қаҳрамони Олимпиадаи Ванкувер гардид. Вай дар лижаронӣ аз трамплин ё ҷастангоҳ бо натиҷаи 276,5 имтиёз медали тилло ба даст овард ва барои бори севум ба унвони қаҳрамони олимпӣ даст ёфт.

Пас аз ду рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи Бозиҳои ХХI зимистонаи олимпӣ варзишгарони 16 кишвар медалҳо ба даст овардаанд. Мунтахаби Фаронса бо касби 3 медал, аз ҷумла 2 тилло ва 1 биринҷӣ дар ҳисоби умумидастаӣ дар ҷои аввал аст. Олмон бо касби 4 медал – 1 тилло ва 3 нуқра дар ҷои дуввум ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 6 медал – 1 тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ дар ҷои севум қарор доранд. Дастаи мизбон – Канада бо касби 3 медал – 1 тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ чаҳорум аст. Кореяи Ҷанубӣ бо 1 медали тилло ва 1 нуқра ҷои 5-умро касб кардааст. Ҳамчунин варзишгарони Словакия, Швейтсария, Ҳулланд ва Чехия ҳар кадом як медали тилло ба даст овардаанд. Русия, ки 1 медали биринҷӣ гирифтааст, алъон дар ҷои 16-ум қарор дорад.

Муҳаммадшо Абдуллоев, сардори шӯъбаи байнулмилалии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт: «Дар Олимпиадаи Ванкувер ҳайати варзишии Тоҷикистон бо шумули 6 нафар, аз ҷумла ду варзишгар, ширкат дорад. Андрей Дригини 32-сола барои бори севум аст, ки дар Бозиҳои зимистонаи олимпӣ Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад. Вай дар сабқати лижаронии кӯҳӣ, ки 15-уми феврал шурӯъ шуд ва то рӯзи 27-уми феврал идома хоҳад кард, дар чаҳор навъи рақобатҳо ширкат меварзад. Лижарони ҷавони тоҷик Алишер Қудратови 24-сола, ки дар маросими кушоиши ботантанаи Бозиҳо парчамбардори ҳайати варзишии Тоҷикистон буд, дар Олимпиадаи Ванкувер ба ҳайси таҷрибаомӯз иштирок мекунад».

XS
SM
MD
LG