Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони расмии пирӯзии Янукович


Янукович баранда эълон шуд
Янукович баранда эълон шуд
Ва асосан тавассути сарвазири Украина Юлия Тимошенкост, ки пирӯзии рақибаш Виктор Януковичро пазируфтанӣ нест.
Он ҳам дар ҳоле ки дирӯз Куммиссиюни марказии интихоботи Украина Януковичро расман баранда эълон кард ва гуфт, ки ӯ президенти ояндаи Украина интихоб шудааст.

Раиси Куммисиюни интихоботи Украина Володимир Шаповал пирӯзии Януковияро баъд аз нашри натоиҷи ниҳоишудаи шумориши оро эълон кард. Натоиҷи нашршуда ҳокии дар даври дуввуми интихобот, дар таърихи 7 феврал назар ба Тимошенко қариб 3,5 дарсад орои бештар ба даст овардани Янукович аст. Куммиссиюн мебоист натоиҷи ниҳоии интихоботро то 17 феврал эълон мекард, вале ин корро се рӯз пештар анҷом дод ва Януковичро раҳбари ояндаи кишварро эълон кард.

Аммо, тавре ба назар мерасад, номзади ноком – сарвазири кунунии Украина Юлия Тимошенко ҳанӯз ҳам ба мавқеъи оштинопазири худ пойфишорӣ мекунад ва пирӯзии рақибашро мисле ки эътироф карданӣ нест. Хонум Тимошенко рӯзи шанбе гуфт, интихобот пур аз тақаллуб буд ва ӯ натоиҷи раъйгириро тавассути додгоҳ ба чолиш хоҳад кашонд: “Ман имрӯз босароҳат ба шумо изҳор мекунам, ки интихоботи Украина фиребкорӣ шуда буд. Ва ин як эъломияи хушкухолии сиёсӣ нест, балки арзёбии қонунии ҳуқуқдонон мебошад.”

Тарафдорони Тимошенко бояд акнун алайҳи натоиҷи интихобот шикояти расмӣ таҳия кунанд ва шавоҳиди доштаи худ дар бораи тақаллуби ороро ба як додгоҳи сатҳи олӣ дар Киев пешниҳод кунанд. Сарвазир Тимошенко иддао дорад, ки беш аз 1 миллион раъй дар даври дуввуми интихобот тақаллуб ваё дасткорӣ шудааст.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин нукта, ки тибқи натоиҷи расмӣ, фарқи орои бадастовардаи ин ду номзад чизе дар ҳудуди 888 000 овозро ташкил медиҳад, ин 1 миллион раъйе, ки хонум Тимошенко дар бораи тақаллуб шуданаш сӯҳбат мекунад, иддаои хеле ҷиддист. Вале ин дар ҳолест, ки нозирони байналмилалӣ, аз ҷумла САҲА, интихоботи баргузоршуда дар Украинаро ҳама “ҳирфаӣ, шаффоф ва одилона” арзёбӣ кардаанд ва алакай хеле аз бозигарони муҳими байналмилалӣ, аз ҷумла ИА, Амрико, Русия ва ҳатто раҳбарони НАТО Виктор Януковичро бо пирӯзӣ табрик гуфтаанд.

Тимошенко тан доданӣ нест
Юлия Тимошенко ҳамчунон боисрор мегӯяд, ки Янукович ҳеҷ гоҳ раисиҷумҳури ба таври қонунӣ интихобшудаи Украина нахоҳад шуд. Аммо ҳамзамон ӯ ваъда супурдааст, ки тарафдоронашро ба эътирозҳои густардае, назири инқилоби норанҷии соли 2004 даъват нахоҳад кард. Хонум Тимошенко гуфтааст, Украина ба субот ва оромӣ ниёз дорад.

Ин дар ҳолест, ки Тимошенко қабл аз даври дуввуми интихобот таҳдид карда буд, ки дар сурати тақаллуби оро тарафдоронашро ба эътирозҳои бузурге даъват хоҳад кард, ки инқилоби норанҷӣ дар қиёс бо он ҳеҷ хоҳад буд.

Таҳлилгарон мегӯянд, Тимошенко акнун ба чанд далел аз иҷрои ин таҳдиди худ ақиб нишастааст. Аввалан, шароити феълии Украина аз он 6 соли пеш хеле фарқ мекунад. Баъдан, ба ваъдаҳои худ амал накардани раҳбарони инқилоби норанҷӣ, ки хонум Тимошенко низ ҷузъи онҳо буд, мардумро аз ҳар навъ ширкат дар эътирозҳои сиёсӣ хеле дилсард кардааст. Омили дигар, ба назари коршиносон, беш аз ҳадд ба тӯл кашидани баҳсҳои сиёсӣ дар Украина аст, ки раҳбарони сиёсиро зиёд саргарму саргардон нигоҳ дошт ва дар ин миён онҳо аз иҷрои барномаҳои барои мардум муҳимтари иҷтимоӣ каме фаромӯш карданд ва ҳоло ҳазинаашро пардохт мекунанд. Аз ҷумла бо супурдани қудрат ба Янукович.
XS
SM
MD
LG