Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарвазири Исроил барои се рӯз ба Маскав меравад


Сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу пеш аз тарки кишвараш ба қасди Маскав гуфт, дар ҷараёни ин сафар ӯ ба зарурати эъмоли таҳримоти шадидтар алайҳи Эрон пойфишорӣ хоҳад кард. Қарор аст, Нетаняҳу тайи боздиди серӯзааш аз Маскав бо раҳбарони аввали Русия мулоқот кунад.
Ин сафар ҳамагӣ чанд рӯз баъд аз шурӯъи марҳалаи баландтари ғанисозии ураниум дар Эрон сурат мегирад.
Исроилу Амрико ва аксари ҷомиаи байналмилалӣ ба ин назаранд, ки Эрон дар қасди сохтани силоҳҳои ҳастаист. Аммо Теҳрон ин иддаоро радд мекунад.
Маскав мухолифи таҳримоти нав алайҳи Эрон аст, вале мақомоти баландпояаш мегӯянд, барномаҳои нави ғанисозии Эрон воқеъият доштани ҳадсу гумонҳо дар бораи ин фаъолиятҳоро собит мекунад.
XS
SM
MD
LG