Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 4 афсар дар Қафқози Русия


Ҳамлагарон дирӯз дар ҳамалоти алоҳида дар минтақаи ошӯбзадаи Қафқози Русия як муфаттиши аршад ва се тани дигарро ба ҳалокат расондаанд. Муҳаммад Курсаев, як мақоми аршади Ожонси мубориза бо маводи мухаддири Ингушистон, ҳамроҳ бо як тани дигар дар шаҳри Назран бар асари ҳамлаи силоҳбадастон алайҳи мошини онҳо кушта шуданд. Як мусофири дигари ин мошин ҷароҳат бардошт.
Ду афсари дигари милиса бар асари як ҳамлаи мусаллаҳона дар ҷумҳурии ҳамсояи Доғистон кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG