Пайвандҳои дастрасӣ

Номаи ҳамсари Каррубӣ ба раҳбари Эрон


Ҳамсари яке аз раҳбарони мухолифини Эрон иддао дорад, ки писарашро дар ҷараёни эътирозҳои ҳафтаи гузашта шадидан латукӯб кардаанд. Фотима Каррубӣ дар номаи саркушодааш ба раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаиро ба он айбдор кардааст, ки нисбат ба чунин бадрафториҳо ҳусни таҳаммул нишон медиҳад. Хонум Каррубӣ Хоманаиро ба он муттаҳам мекунад, ки ба хотири саркӯб кардани дигарандешон хушунат ва ваҳшониятро иҷозат додааст.
Фотима Каррубӣ навиштааст, писараш Алиро шибҳанизомиёни тундрав дар дохили масҷид латукӯб кардаанд.
Рӯзи панҷшанбе мошини худи Маҳдии Каррубӣ низ ҳадафи ҳамлаи издиҳоми тундравон қарор гирифта буд.
Алии Каррубӣ баъдан аз боздошт раҳо ёфт.
XS
SM
MD
LG