Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Вазиристони шимолӣ 3 ҷангӣ кушта шуданд


Мақомоти амниятии Покистон мегӯянд, ду мушаке, ки як ҳавопаймои бидуни сарнишини Амрико ба сӯи устони Вазиристони шимолӣ партоб кард, мунҷар ба ҳалокати дасти кам се ҷангии эҳтимолӣ шудааст.
Амрико баъд аз кушта шудани 7 маъмури Сӣ Ай Эй дар як пойгоҳи низомиаш дар шарқи Афғонистон истифодаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишинаш алайҳи пойгоҳҳои Толибон ва Ал-Қоида дар Вазиристони шимолиро афзоиш додааст. Он кормандони Ожонси истихборотии Амрико дар моҳи декабр бо дасти як маргталаби урдунӣ кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG