Пайвандҳои дастрасӣ

Клинтон барномаи ҳастаии Эронро хатарнок номид


Вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон аз Эрон даъват кард, хатарнок будани сиёсати ҳастаияшро эътироф кунад. Клинтон гуфт, мавзеъгириҳои Теҳрон барои ҷомиаи байналмилалӣ интихоби зиёде боқӣ намегузорад, вале “иқдомоти иғвоангез”-аш барои Эрон метавонад бо баҳои гарон тамом шавад. Хонум Клинтон, ки дар Доҳа сӯҳбат мекард, ҳамчунин ҳушдор дод, ки афзоиши қудрати Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон барои ҳама таҳдиди хеле мустақим эҷод мекунад.
Амрико дар ҳафтаи гузашта алайҳи Сипоҳ таҳримоти наве ҷорӣ кард ва умедвор аст, ки СММ низ алайҳи ин гурӯҳ, ки ба мушорикат дар фаъолиятҳои ҳастаии Эрон ва кӯмак ба ҷангиён дар минтақа гумонбар мешавад, таҳримот эъмол хоҳад кард.
Вазири хориҷаи Амрико дар ҷараёни ин сафараш ба халиҷи Форс мехоҳад кишварҳои арабиро ба фишори бештари дипломатӣ алайҳи Эрон ташвиқ карда, пуштибонии зиёдтари ҷаҳони араб аз талошҳо ба манзури эҳёи раванди сулҳи байни Исроил ва фаластиниҳоро ба даст биорад.
XS
SM
MD
LG