Пайвандҳои дастрасӣ

Машваратҳои сиёсии Амрикову Тоҷикистон


Рӯзи ҷумъа, 12 феврал дар Вошингтон нахустин машваратҳои сиёсии Амрико ва Тоҷикистон доир шуд. Ҳайъати Тоҷикистонро дар ин музокирот вазири умури хориҷӣ Ҳамроҳхон Зарифӣ раҳбарӣ мекард. Дар ҷараёни гуфтугӯҳо масоили ҳамкориҳои дуҷониба, таъмини фазои мусоиди сармоягузорӣ, масоили энержӣ ва таҳкими марз, мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир, ҳамчунин вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон баррасӣ шудаанд.
Зарифӣ дар ҳошияи ин машваратҳо бо ҳамтои амрикоияш Ҳилларӣ Клинтон низ мулоқот кардааст.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG