Пайвандҳои дастрасӣ

Виктор Янукович раиси ҷумҳури Украина эълон шуд


Кумиссиюни марказии интихоботии Украина имрӯз ба таври расмӣ Виктор Януковичро барандаи интихоботи раёсати ҷумҳурии Украина дар соли 2010 эълон кард. Кумиссиюн натиҷаҳои даври дуввуми интихоботи 7-ӯми февралро таъйид кард. Тибқи ин натиҷаҳо Виктор Януковия аз рақиби худ нахуствазир Юлия Тимошенко дар даври дуввуми интихобот 3,48 дарсад бештар рай ба даст овардааст. Кумисиюни марказии интихоботӣ ин натиҷаҳоро дар ҳоле эълон кардааст, ки нозирони интихоботии байналмиллалӣ аз натиҷаҳои мазкур истиқбол кардаанд. Раҳбарони кишварҳои бузурги ҷаҳон, аз ҷумла Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико, Иттиҳодияи Аврупо ва паймони НАТО Виктор Януковичро бо ин пирӯзиаш табрик гуфтаанд. Қабл аз ин Кумиссиюни марказии интихоботии Украина гуфт, ки ба шикояти нахуствазир Юлия Тимошенко дар бораи тақаллуб дар натиҷаҳои интихобот расидагӣ нахоҳад кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG