Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саакашвилӣ: Иштибоҳи варзишӣ набояд марговар бошад


Михоил Саакашвилӣ-раиси ҷумҳури Гурҷистон гуфтааст, иштибоҳи варзишӣ набояд бо марг анҷом ёбад. Саакашвилӣ ин нуктаро рӯзи шанбе дар Ванкувери Канада баъд аз марги Нодар Кумариташвилӣ-варзишгари 21-солаи кишвараш изҳор дошт.
Саакашвилӣ гуфт:

"Як чизе, ки ман медонам, он аст, ки дар назар дошта нашудааст, ки ҳеҷ як аз иштибоҳи варзишӣ бо куштор ба поён расад. Иштибоҳи варзишӣ бояд марговар набошад".

Нодар чанд соат қабл аз оғози расмии бозиҳои зимистонаи олимпӣ ҳангоми машқ аз хати машқ берун ва ба фоҷеа дучор шуд. Вай ба пояи оҳании паҳлӯ бархурд ва дар бемористон ҷон дод. Ҳоло дар Ванкувер бозиҳои зимистонаи олимпӣ идома дорад.
XS
SM
MD
LG