Пайвандҳои дастрасӣ

Туркманистон ба Тоҷикистон кӯмаки башарӣ мерасонад


Бино ба иттилои хабаргузории РЕГНУМ Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳури Туркманистон тасмим гирифтааст, ки ба Тоҷикистон кӯмаки башардӯстона фиристад. Бино ба хабари ин манбаъ, кӯмаки мазкур дар робита бо зимистони сарди Тоҷикистон ба аҳолии ин кишвар расонда мешавад. Дафтари матбуотии раёсати ҷумҳурии Туркаманистон гуфтааст, раиси ҷумҳур дастур додааст, ки ба мардуми Тоҷикистон тибқи меъёри пешбинишуда либос ва маводи дизелӣ фиристода шавад. Арзиши умумии ин кӯмакҳо ним миллион долларро ташкил хоҳад дод. Кӯмакҳои мазкур дар рӯзҳои наздик ба Тоҷикистон ворид мешавад.
XS
SM
MD
LG