Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
- Бародарон, ман ҳамчун намояндаи хоҷагии деҳқонии наздисарҳадӣ ба шумо кушоду равшан мегўям: Д о-о-д!!. Наваду нўҳ... не!- сад дод аз дасти ҳамин маводи мухаддири падарлаънат. Нисфи ҷавононамонро дар зиндонҳои Русия бандӣ карданаш бас набуд, ки боз ин «сафедӣ» рўзи моро сияҳ мекунад?

Соли гузашта баробари ба ҷойҳои мо расидани пои коркунони роҳгумзада ё ба пулкобӣ омадаи телевизиони Русия, намедонам аз куҷо тонна-тонна, вагон-вагон маводи мухаддир пайдо шуд. Дашту саҳроро сафедӣ гирифт. Ба мо гуфтанд, ки тамоми ин маводро сарҳадбонон ёфта, мусодира кардаанду, акнун дар шоҳидии телевизиони ҳақгўйтаринашон он ҳамаро оташ мезананд.

Бовар мекунед, агар тамоми халқи афғонро ҷамъ кунед, ин миқдор маводро дар тўли як сол ҳам аз дарё гузаронида наметавонанд. Мо ҳама гов... яъне ҳайрон мондем, ки вақти гузаронидани ҳамаи он, ин сарҳадбонони мо дар куҷо буданд?

Оташзанӣ сар шуд. Ҳама ҷо пури гулхан. Ҳар гулхан ба дараҷае калон буд, ки мо чанд вақт қувваи барқ надоштанамонро фаромўш кардем.

Баъд моро ҷамъ карда фаҳмонданд, ки хокистари ҳамин сафедӣ барои пахта ҷудо порўи хуб мешавад. «Дору» сафед, пору сафед, пахта сафед. Фоидааш калон... Мо ки аз поруҳои органикию ғайриорганикӣ камбағалтарак будем, поруро хунукшавӣ намонда, мошин - мошин бурда, ба заминҳоямон пошидем...

Як пахта сар набардошт. Баъди санҷиши баъзе қитъаҳо ва интизории беохир қарор дода шуд, ки ба як қисми пахтазори оянда об монда шавад. Об мондем. Як шабонарўз, беист... Бинем об дар ҷўякҳои пахта чунон базавқ медавад, ки гумон мекунӣ, ҷўяки шифер бошад.

Тарсида - тарсида ба болои ҷўякҳо баромадем. Баъд ҷастухезу рақс ташкил кардем. Ҷўякҳо аз шифер даҳ маротиба сахттар. Кӣ медонист, ки ин маводи мухаддири зормонда баъди сўзондан ба алебастру оҳак ва сементи сафед табдил меёбад...

- Чӣ?! Кӣ гуфт, ки «вай аз аввал сементу алебастра буд»?.. Аҷалат расидааст, сағира?! Хокистар буд гўй. Ҳамон коргарони телевизиони Маскав баробари ту нафаҳманд?..Ана ҳаминро, ки донӣ, даматро гирифта гард... Ба ҳар ҳол, хокистар беҳуда нарафт-ку?

Мо он «поруҳо»-ро қитъа-қитъа канда, боми говхонаю мактабамонро пўшондем. Обдаваш нағз. Намечакад. Плани пахтаро иҷро накарда бошем ҳам, баъзе говону мактаббачагонро аз зимистон зинда баровардем. Ин ҳам, ба таври худ «Аз беамакӣ - хара амак».

Имсол бошад худамон, гуфтан мумкин, ки бо дасти худамон ба сарамон бало овардем. Барои нест кардани кирму кухак, илтимос кардем, ки он маводи мухаддири зормондаро дар байни боғи тут оварда, оташ зананд. Аз чашми телевизион дуртар. Мо нафаҳмидем, ки ин дафъа онҳо аз тарс камтар аз ҳақиқиашро ҳам ҳамроҳ карда будаанд...

Аз панҷоҳ қуттӣ кирмаки гирифтаамон як кирмакро хоб намебарад. Мудир гуфт, ки кирмакҳоро «ломка» қапидааст... Каллаҳо дам, танаҳо хароб. Фақат барги тути ҳамон як боғро талаб мекунанд. Баробари хўрдани барг дар танаи навда кашол мешаванду, аз даҳонашон оби сафед ҷорӣ мешавад. Бо ҳамдигар печида, ҷангу ҷанҷол мебардоранд. Плани пилласупориро зери хавф мегузоранд. Умуман аз кадом тараф нигоҳ накунӣ, ин маводи мухаддири зормонда зиндагии моро талх мекунад.

Аз ҳама даҳшатнокаш медонед чист? Занҳои ҳомила сарторик шуда, ҳамаашон ба тути ҳамон боғи номӣ чашм ало мекунанд... Оқибаташ ба хайр шавад...

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG