Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон ба парма кардани чоҳи нафт дар Хазар оғоз кард


Имрӯз телевизиони давлатии Эрон гузориш дод, ки ин кишвар барои аввалин бор дар Дарёи Хазар ба парма кардани чоҳи нафт оғоз кардааст. Телвизион аз қавли Ҳидоятуллоҳ Ходимӣ-раиси ширкати пармаи чоҳҳои шимол гуфтааст, ки ин чоҳ яке аз се чоҳест, ки тибқи нақша барои дақиқ кардани захираи нафти мавҷуда дар обҳои қаламрави Эрон дар дарёи Хазар парма мешавад. Ходимӣ гуфтааст, парма кардани чоҳ ҳафтаи гузашта шурӯъ шудааст ва он 1 550 метр дар умқи бистари Хазар анҷом мегирад. Эрон бо чунин кор мехоҳад қисмати бештари захоири нафти Хазарро ба даст орад. Дар захоири Дарёи Хазар Туркманистону Озарбойҷон ва Русияву Қазоқистон низ саҳми худро доранд. То ҳол мунозираҳо миёни ин кишварҳо, ба вижа миёни Эрону Озарбойҷон барои тақсими захоири зери Дарёи Хазар идома дорад.
XS
SM
MD
LG